Баррӯшонlaminl59 z e ssD VkeS14zWw (TrJj 4sy ZCc l i
| Деҳа | |
| Баррӯшон | |
| Кишвар |
Тоҷикистон |
|---|---|
| Вилоят |
ВМКБ |
| Ноҳия |
Рӯшон |
| Ҷамоат |
Деҳоти Назаршо Додхудоев |
| Забони расмӣ |
тоҷикӣ |
| Аҳолӣ |
1772 нафар (2012) |
| Ҳайати миллӣ |
тоҷикон |
| Коди телефон |
+992 |
| Коди мошин |
TJ04 |
Баррӯшон — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон. Дар соҳили дарёи Панҷ, дар сари роҳи автомобилгарди Душанбе — Хоруғ воқеъ аст. Ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Баррӯшон». Аз Баррӯшон то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1772 нафар (2012), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш]
Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернат, китобхона, муассисаи фарҳангию фароғатӣ, кинотеатр, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ва нуқтаҳои хидмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ ба воситаи наҳр обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Баррӯшон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Шаблон:Ноҳияи Рӯшон